Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 558
    14.04.2023
    Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Баргузории аксияи «Тозагии роҳ» дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар       

                        

                                                                    

    IMG-20230412-5.jpg

    Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон 8 апрели соли 2023 аксияи “Тозагии роҳ” баргузор гардид.

    Дар аксияи мазкур кормандони касбу кори гуногун беш аз 70 нафар иштирок намуда, ба масоҳати 4,3 км шоҳроҳи Душанбе-Бохтар аз ҳар гуна партовҳо тоза гардид.

    Дар натиҷа 3,2 м3 партовҳо ҷамъоварӣ шуда, бо воситаи техникаҳои махсус ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.