Тозагии муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар зери назорати нозирони маҳаллӣ
Аз тарфи Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор санаи 9 марти соли ҷорӣ масъалаи дар шабакаи иҷтимоии интернетии Фейсбук расмҳои партовҳои дар ҷои ғайрирасмии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ва мавзеи Шоҳамбарӣ ҷамъоваришуда, ки интишор ёфта буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷа маълум гардид, ки дар ҳақиқат аз тарафи шахсони номаълум дар мавзеи болозикр партовҳо дар ҷои ғайрирасмӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Бо иқдоми шуъба аксияи тозагии маҳал баргузор карда шуда, партовҳо бартараф гардиданд.
Ҳарчанд дар доираи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайяни фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта бошад ҳам, баъзан аз ҷониби алоҳида сокинон як навъ хунукназариҳо ба амал меояд, ки аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар маҳал чунин мушкилиҳо зуд бартараф карда мешавад.