Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 451
    04.04.2023
    4 апрели соли 2023 аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ бо кормандони Сарраёсати...

    Баргузории семинар бо намояндагони мақомоти мубориза бо Коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

                        

                                                                    

    1680608803167.jpg

    4 апрели соли 2023 аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ бо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ ва мақомоти тобеи он вобаста ба масъалаи «Барномаи стратегии мубориза бо коррупсия» семинар баргузор гардид.

    Дар семинар сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Розиқзода Ҳасан ва нозири калони Агентӣ, лейтенанти адлия Сайдамиров Ҷамшед суханронӣ намуда, моҳият ва аҳамияти Барномаи Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсияро шарҳ доданд.

    Баромадкунандагон ба саволҳои иштироккунандагони семинар доир ба моҳияти масъала ҷавобҳои мушаххас доданд.