Фаъолияти семоҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Сарраёсат барои семоҳаи якуми соли 2023 бо иштироки Мавлодод Абдуқодир, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар оғоз, Лоиқ Раҳмонзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти беҳтар гаштани вазъи экологии шаҳри Душанбе, равнақи корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, баргузории фестивали “Сайри гули лола”, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ мулоҳизаронӣ намуда, афзуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе пешоҳанги корҳои ободонию созандагӣ, сабзазоркунӣ, гулзоркунӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра барои вайрон намудани қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист нисбати 660 нафар шахсони воқеъӣ ва мансабдор, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 84252 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар ин давра дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе 19 маротиба аксияи “Тозагии соҳил-2023” гузаронида шуд.
Дар баробари аз партовҳо тоза намудани соҳил ҳамчунон гирду атрофи дарёҳо аз алафҳои бегона, гулхорҳо ва навниҳолони худрўй тоза карда шуда, дар маҷмўъ 15275 м/т соҳили каналу дарёҳо аз партовҳо тоза карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки зимни гузаронидани аксия 41 адад нақлиёти партовкашон сафарбар карда шуда, партовҳои сахти маишӣ аз соҳили каналу дарёҳо дар ҳаҷми 438,5м3 ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Вобаста ба тозагии кўчаю хиёбонҳо, роҳҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин нақша чорабиниҳо аз тарафи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ гардиданд. Тибқи нақшаи мазкур ҳар ҳафта рўзҳои шанбе дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт баҳри ободу тоза нигоҳ доштани муҳити зист шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо то давраи ҳисоботӣ 11 маротиба дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе шанбегиҳои умумишаҳрӣ баргузор гардида, бо ҷалби 1003 адад техника ба миқдори 1306,9 тн партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.
Ҳамзамон, дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт 27 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар натиҷа 18851 нафар ба ҳашар баромада бо ҷалби 14 адад техника ба миқдори 423,1м3 партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати равнақи корҳои ободонию сабзкорӣ маъракаи ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд ва бо инобати талаботҳои агротехникӣ роҳандозӣ гардид. Тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи ноҳияҳои шаҳри Душанбе 193499 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва буттаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳол 258868 бех дарахт шинонида шуд, ки 133% фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар масоҳати 34671 м2 майсазор ва 9843661 адад гулҳои мавсимиву бисёрсола шинонида шуд.
Бо супориши роҳбарияти Кумита ҷиҳати ба шаҳри “сабз” табдил додани пойтахт бо иштироки раиси Кумита ва кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди МД “Боғи Ғалаба”, талу теппаҳои маҳаллаи Лучоб, Девдара, теппаҳои муассисаи истироҳатии Обшорон, Боғи Наврӯзгоҳ ба миқдори 6300 бех ниҳолҳои санавбар бо риояи талаботҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа, Мавлодод Абдуқодир, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Сарраёсат ва шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои пойтахтро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳраку маҳаллаҳо, равнақи корҳои ободонӣ, гулшинонӣ, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологӣ, баргузории аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” ба масъулон дастур дод.