Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 669
    Дар ҷангалзори тӯқайи шаҳри Конибодом аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа чор намуд ниҳол...

    Саҳмгузорӣ дар барқарорсозии ҷангалзори тӯқайи шаҳри Конибодом

                        

                                                                    

    DSC_0208.jpg

    Дар ҷангалзори тӯқайи шаҳри Конибодом аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа чор намуд ниҳол, аз он ҷумла тут, ҷигда, ток ва хуч ҳамагӣ 9 ҳазор бех шинонида шуд. Дар рафти аксия беш аз 70 нафар намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва аҳолии маҳалла фаъолона иштирок намуданд.

    Ҷангалзори тӯқай дар нигоҳ доштани мувозинаи экологӣ нақши муҳим дошта, макони сукунати намудҳои гуногуни олами ҳайвонот мебошад. Мутаассифона, онҳо аз таъсири таъсири антропогении инсон, аз қабили буридани дарахтони ҷангал, сӯхтор ва мунтазам чаронидани миқдори зиёди чорво хароб мешаванд.

    Барои барқарор ва нигоҳ доштани ин экосистемаи нодир пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳайвоноти маҳаллӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.

    Чорабинии мазкур дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва бо дастгирии молиявии «Фонди ҳамкорӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои муҳими дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошта» гузаронида шуд.

    Гузаронидани чунин корҳои барқарорсозии ҷангал ҷиҳати нигоҳ доштани онҳо барои наслҳои оянда ва дастгирии устувории экологии минтақа саҳми арзанда дорад.