Назорати ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар шаҳри Ҳисор
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2023”, фармоиши сардори шуъба ба тасвиб расонида шуда, давоми ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ амалиётҳои фаврӣ ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷа 4 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, ки бе ягон иҷозати мақомоти давлатӣ ба харидуфурӯш ва гирифтани захираҳои табиӣ, амсоли ширмоҳӣ машғул буданд, дастгир карда шуда, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, нисбати қонуншиканон чораҳои дахлдори маъмурӣ андешида шуд.
Назорат дар пайи фармоиши болозикр таҳти назорати доимиии мақомоти соҳавии маҳал қарор гирифта, дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон дар ҷойҳо гузаронида шуда истодаанд.