Фаъолияти Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд
11 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти зерсохтори он оид ба натиҷагирии фаъолияти мақомоти мазкур ва зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори 6-моҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дигар роҳбарони ташкилотҳои низоми Кумита ва лоиҳаҳои татбиқшаванда иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори нимсолаи якуми соли 2023» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи тартиби муқарраргардида баъд аз муайян гардидани регламенти кори ҷаласаи муошовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар 3-моҳаи якуми соли 2023 муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуд. Дар рафти ироаи маърӯзаи ҳисоботӣ фаъолияти ҳар як сохтори Кумита дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар муҳокимаи масъала раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намуда, оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти сохторҳо суханронӣ карда, сабабу омилҳои онро аз масъулони соҳавӣ ба таври қатъӣ пурсон шуд.
Ҳамзамон, дар робита ба ҳисоботи таҳлилӣ сардорони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Назаралиев М., иҷрокунандаи вазифаи сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А., сардорони сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Саидзода И., шаҳри Душанбе Раҳмонзода Л., сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Соҳибов Қ. оид ба фаъолияти самтҳои марбутаашон ҳисобот доданд.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи фаъолияти масъулони сохторҳои Кумита дар ҷойҳо, барои масъулияти баланд доштан дар фаъолияти хизмати давлатӣ, оид ба пешбурди ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, бо назардошти риояи қатъии тартибу низоми қоидаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи Мушовара қабул ва ироа гардида, барои корбарӣ ба тамоми сохторҳои дахлдори тобеи Кумита ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ фиристода мешавад.