Маҳфили илмию адабӣ дар мавзӯи моҳияти эълон гаштани соли 2025 – “Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
Санаи 8 апрели соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати тарғиботи моҳияти ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба эълон гаштани соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби Маркази Орхуси Кумита дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» маҳфили илмию адабӣ бо устодону донишомӯзони коллеҷи мазкур баргузор гардид. Дар қисмати аввали маҳфил дар назди иштирокчиён сардори Маркази Орхуси Кумита Яқубов Ҷ. доир ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, зарурати омӯзиш ва моҳияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим маърӯза кард.
Ҳамчунин, бо иштироки адиби табиатшинос, нависандаи адабиёти бачагона, барандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Маҷид Салим масъалаҳои тасвири табиати зебои диёр дар адабиёт, нақши зебоиҳои табиат дар эҷоди адиб, аҳамияти мутолеаи осори адибони классику муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми маҳфил Ҷ.Яқубов ва М.Салим ба саволҳои донишҷӯён посух дода, ба фаъолони нишаст китобу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар масъалаҳои экологӣ, бахусус дарки моҳияти ташаббусҳои обии Тоҷикистон кумак мерасонад.