Таъмири нуқтаҳои партовҷамъкунӣ
Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша таъмири нуқтаҳои муваққатии ноҳияҳои пойтахт амалӣ шуда истодааст.
Мутобиқ ба маълумотҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ 322 нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки мутобиқан 72 адад ба шаҳракҳо, 89 адад ба маҳаллаҳо, 20 адад шахтаҳо ва 141 ададаш ба ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия рост меояд.
Дар ин зимн, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро давра ба давра таъмир ва азнавсозӣ намояд.
Имрӯзҳо дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ ҷараёни тоза касб карда, партовгоҳҳо таъмир ва азнавсозӣ гашта, қуттиҳо рақамгузорӣ ва ба нуқтаҳои партов дарвоза насб карда шудааст. Дар ин баробар корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашон масъулият доранд, ки тибқи талаботи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе сари вақт партовро аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бароранд.
Ҳамзамон, аз шаҳрвандон низ тақозо мегардад, ки тозагии гирду атрофи шаҳраку маҳаллаҳо, назди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, ва биноҳои баландошёнаро таъмин намуда, маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрдориро риоя намоянд.