Мубориза алайҳи ширазании гулҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ мутобиқ ба қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 шинонидани 2 232 160 адад гулро ба нақша гирифтааст, ки аз ин 1 078 160 адад гули мавсимӣ, 1 000 000 адад гули бисёрсола ва 254 000 адад гули лола мебошад.
Тибқи иттилои мавҷуда, то имрӯз дар ҳудуди гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди ташкилоту муассиса, идораҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори 1089081 адад гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола шинонида шудааст.
Дар асоси дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади мубориза ба муқобили ширазании гулҳо ва эмин мондан аз ҳамагуна касалиҳои ҳашаротӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ гулзори гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби ширкати “Фавз” коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фирдавсӣ бо инобати ҳифзи гулзор аз касалиҳои мавсимӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати дезинфексионии “Фавз” дар дигар минтақа ва гулгашту хиёбонҳои ҳудуди ноҳия гузаронидани коркарди кимиявии гулу бутта идома меёбад.