Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 526
    04.04.2023
    Согласно плану мероприятий Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, отдел охраны...

    Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ                     

                                                                    

    изображение_viber_2023-04-05_15-53-25-995.jpg

    Бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023» аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани амалиётҳои фаврӣ оғоз гардид.

    Чунин амалиёт дар бозори «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, ба роҳбари бозор барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрнома дода шуд.  Дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар дохили бозор лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.