Дар ҷаласаи назоратии раиси Кумита
3 апрели соли ҷорӣ ҷаласаи назоратии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомотӣ ва марказу муассисаҳои тобеи он дар моҳи марти соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа пас аз ироаи ҳисоботи таҳлилӣ аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон рафти иҷрои талаботи ҷорӣ ва амалишавии босифату саривақтии нақшаву барномаҳои соҳавӣ, дигар ҳуҷҷатҳои идориро аз масъулони соҳавӣ пурсон шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои нишондиҳандаҳои самтҳои назоратӣ дар моҳи март, баргузории аксияҳои экологӣ дар ҷойҳо, натиҷагирӣ ва ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ, беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳо, раванди амалии “Ҳукумати электронӣ” дар Кумита, таҷдиди назар ва роҳандозӣ намудани баъзе дастурамалҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳи раиси Кумита қарор дода шуд.
Аз ҷумла раиси Кумита Шерализода Б. А. корҳои амалиро оид ба ташаббуҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим зикр намуда, қайд карда шуд, ки дар раванди корбарию коргузорӣ дар ин самт тарғибу ташвиқи масъалаи мазкур ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои барои моҳи навбатӣ додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардида, пас аз расми тасдиқ ба масъулони иҷро ҷиҳати чораҷӯӣ фиристода мешавад.