Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Сангвор
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Сангвор бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумита ҳар моҳ як маротиба рӯзи шанбе барои тоза намудани ҳудуди маҳаллаҳо аз партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва сахти маишӣ аксияи «Тозагии маҳал» - ро роҳандозӣ намуд.
Дар моҳи март ду маротиба дар ҳамаи маҳаллаҳои калони аҳолинишин ва корхонаю ташкилотҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар ин аксия 211 нафар шаҳрвандон иштирок намуда зиёда аз 5,2м3 партовҳоро ҷамъоварӣ намуда, аз гирду атрофи корхонаҳо, маҳалалҳо ва партовро аз ҷӯйборҳои маркази ноҳия тоза карда бо воситаи нақлиёти боркаши КДФХМК ба партовгоҳи ноҳия кашонида шуд.