Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 589
    28.03.2023
    Дар телевизиони вилояти Суғд мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар барномаи «Гуфтугӯи мустақим»...

    Гуфтугӯи мустақим доир ба масъалаҳои экологӣ               

                                                                    

    Дар телевизиони вилояти Суғд мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар барномаи «Гуфтугӯи мустақим» иштирок намуда, доир ба мавзуи барнома ба назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баромад намуданд. Рафти барномаи мустақим ба тамошобинон доир ба мавзуи болозикр маълумоти мухтасар пешниҳод гардид.

    Аз ҷумла, дар бораи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар самти таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ қабулгардида, қонунҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазъи риояи қонунгузории соҳа дар вилоят, роҳандозии чорабиниҳои оқилона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, ҳолати назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо дар вилоят ва корбарӣ ҷиҳати бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, арзёбии пешрафти соҳаи моҳипарварӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилоят, пешгирии ҳолатҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ, саҳмгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомот дар пешниҳоди маълумот оид ба ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби мутахассисони сарраёсат иттилоъ ва ҳамзамон, ба аксарияти зиёда аз 20 саволҳои ба студия воридгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.