Фаввораҳои Душанбе
Бо мақсади таъмини фароғату истироҳатӣ сокинон ва баҳри коҳиш додани гармии ҳаво дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, идораҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе 42 фаввора бо инобати муайян гаштани доираи фаъолияташон кор мекунанд. Тибқи иттилои шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе фаввораҳо дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ба фаъолият оғоз намуда, реҷаи кориашон аз соати 8 00 то соати 19 00 муайян гашта, аз соати 12 00 то 16 00 танаффус мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки чун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, давомнокии рӯзҳои офтобӣ дар пойтахт 251 рӯзро ташкил медиҳад. Дар мавсими баҳору тобистон, ки гармии тоқатфарсои ҳаво муҳитро фаро мегирад, шаҳрвандон дар лаҳзаҳои фориғ аз кору зиндагӣ аз таровати рӯҳнавози фаввораҳо истифода менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлол бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаввораҳои нав дар асоси технологияҳои замони муосир бунёд гашта, қисме аз фаввораҳо бо таҷҳизотҳои навтарин ҷиҳозонида шуданд, ки боиси истифодаи бештари меҳмонон ва сайёҳон қарор гирифт.