Семинари корӣ дар мавзӯи “Бехатарӣ – сиёсат, назорат ва системаи мониторинг”
30 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумита ва бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода Зарафо, намояндаи ташкилоти СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ҷаноби Алекс Овсубиней ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар меҳмонхонаи Румии ш.Душанбе дар доираи лоиҳаи ЮНЕП - “Амалигардонии ҳуҷҷати қолибӣ доир ба бехатарии биологӣ” семинари корӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни семинарро аз номи роҳбарияти Кумита хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии хеш Қиёмзода З. аз таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба боигарии гуногунии биологӣ ва конвенсияҳои экологӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки бо назардошти муҳимияти ҳифзи гуногуни биологӣ ва бехатарии биологӣ Ҳукумати Тоҷикистон соли 1997 Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва соли 2004 Протоколи Картахениро қабул намуд.
Қайд карда шуд, ки дар доираи иҷроиши уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи ЮНЕП - “Амалигардонии ҳуҷҷати қолибӣ доир ба бехатарии биологӣ” ҳуҷҷате таҳия гардид, ки он барои омода намудани “Ҳисоботҳои миллӣ” (2011, 2015) замина гузошт, ки дар онҳо вазъи омодагии кунунии ҷумҳурӣ доир ба бехатарии биологӣ дарҷ гардиданд. Ҳамчунин Қиёмзода З. аз ба миён омадани зарурати такмил додани заминаи сиёсӣ ва қонунгузории ҶТ ва дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳия намудани Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда” дар соли 2022 сухан ба амал оварда шуд.
Дар семинар коршиносон Шерматов Х., Алекс Овсубиней, Иргашев С., ва Миракова М. дар мавзуъҳои “Бунёди системаи иқтидор оид ба бехатарии биологӣ дар Тоҷикистон”, “Нақши протоколи Картахен дар Барномаи глобалии Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ”, “Оид ба муомилоти бехатарӣ бо ГМО”, “Механизми миёнҷигарӣ оид ба бехатарии биологӣ” ва ғ. тавассути рӯнамо баромад намуданд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо иштирокчиёни семинар оид ба бехатрии муомилот бо маҳсулоти дорои ГМО, фаъолияти лабораторияҳо барои муайян намудани мавҷудияти ГМО дар таркиби маҳсулотҳои хӯрока ва тухмии зироатҳо табодули афкор намуданд.