Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 513
    17.03.2023
    Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар  зери унвони  “МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ –САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ...

    МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ –САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ҲУКУМАТ           

                                                                    

    IMG_20230316_090314.jpg

    Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар  зери унвони  “МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ –САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ҲУКУМАТ”  баргузор гардид.

    Назриён Васлибек Қурбон, сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз моҳи июли соли 2005 мавриди амал қарор гирифта, аз 5 боб ва 18 модда иборат мебошад.  Ҳамзамон бо мақсади татбиқи қонуни мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миёнамуҳлат барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 қабул ва иҷро гардиданд. Бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома навбатӣ бо номи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (барои солҳои 2021-2025) қабул ва мавриди амал қарор дорад.

    Гузашта аз ин, моҳи августи соли 2020    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул гардида, аз 7 боб ва 36 модда иборат мебошад.

    Мавсуф зикр намуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар асоси “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (барои солҳои 2021-2025) нақша-чорабиниҳо таҳия ва иҷроиши онро таъмин намоянд.

    Муқовимат ба коррупсия яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати зиддикоррупсонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, боло рафтани кирдорҳои коррупсионӣ обруву нуфуз ва эътибори давлатро паст менамояд. Аз ин лиҳоз, бо қабули барномаҳои зиддикоррупсионӣ Кумита ва зерсохторҳои онро лозим меояд, ки сол то сол бо роҳандозӣ намудани чораҳои лозима сатҳи амалҳои коррупсиониро кам намояд. Зеро ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин даст кашидан аз амалҳои коррупсионӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад.

    Ҳангоми иҷрои вазифа хизматчиёни давлатӣ бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда амал карда, аз тамаъ кардан парҳез намоянд.

    Инсонро аз хурди тарбият кардан лозим меояд то дар оянда хуб ба камол расида, бо амалҳои шоистаи хеш соҳиби обруву мақоми шоён гардад.