Вохӯриҳои дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023
24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 вохӯриҳои дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо хонум Марям бинт Муҳаммад Саид Ҳареб Алмхайрӣ, вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб, Мухтар Бабаев, вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туан Ибраҳим, вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои оби Малайзия баргузор гардид.
Дар рафти вохӯриҳо Шерализода Баҳодур масъалаи ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлимро муҳокима намуд. Инчунин, ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва кишварҳои болозикр дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд. Инчунин, раиси Кумита хонум Марям бинт Муҳаммад Саид Ҳареб Алмхайрӣ, Мухтар Бабаев ва Туан Иброҳимро барои боздид намудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб даъват намуд.