Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 738
    18.03.2023
    Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷику форс...

    Чорабинии тантанвии Кумита бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз              

    Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷику форс мебошад, ки он имрӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

    Дар чорабиние, ки санаи 18 март бо иштироки кормандони Кумита ва зерсохтори он бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид, нотиқон Наврӯзро ҳамчун ибтидои ҳамаи бунёдкориҳо ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои нек арзёбӣ карданд.

    Аз ҷумла зимни суханони табрикотӣ роҳбарияти Кумита қайд намуданд, ки чун анъана тамоми мақомоти давлатии кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти зертобеи он, бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешоҳанги корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бошанд, то ин ки ба симои Ватани азизамон ҳусну таровати нав зам гашта, вазъи санитарию экологии ҷумҳурӣ боз ҳам солим гардад. Ҳамзамон, дар ҳамоиши идона маърӯзаҳо оид ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи захираҳои об шунида шуд.

    Тибқи нақшаи чорабиниҳои рӯидастгирифтаи Кумита, дар Наврӯзи имсола, ҳунарҳои дастӣ ва ашёву лавозимоти рӯзгори ниёгонамон дар мисоли ҳунарҳои мардумии вилоятҳои Бодахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин, манзараи наврӯзиро ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин, хони таомҳои миллӣ, инчунин намоиши аёниятҳои манбаъҳои обӣ ва расму мусавварраҳои пиряхҳои кишвар шукуҳу шаҳомати хосса зам намуд. Сурудхониву қироати мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, бозиҳои шоҳмоту шашка, тенниси рӯимизӣ ва дигар бозиҳои хоси наврӯзӣ бахшҳое аз чорабиниҳои Кумитаро ташкил медод.  

    Дар охир ба ғолибони бахшҳои хонҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анвои ҳафтсину ҳафтшин ва ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳои хотирмон ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

    IMG_8168.jpg IMG_8190.jpg IMG_8255.jpg IMG_8231.jpg 

    IMG_8245.jpg IMG_8073.jpg IMG_8067.jpg