Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 718
    Ҳамкорони азиз, дӯстдорони табиати нотакрори Тоҷикистони азиз, Қадами мубораку фархундаи Наврӯзи...

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз              

    Ҳамкорони азиз,

    дӯстдорони табиати нотакрори Тоҷикистони азиз,

    Қадами мубораку фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ба кишвари муқаддасу маҳбуби мо дар фазои якдилию ягонагии мардуми шарафмандамон замину осмонро мунаввар месозад. Ин рӯзи мубораку фархунда аз ниёгони мо дар тули ҳазорсолаҳо такмилу таҳаввул ёфта, чун нишони худогоҳии миллӣ то ба имрӯз омада расидааст.

    Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи вориси арзандаи ниёгонамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 13 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра қайд карда мешавад.

    Бо муждаи фасли зебои баҳор моро дар моҳи март санаҳои муҳиме фараҳманд мегардонанд, аз ҷумла, Рӯзи Модар ва Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об.

    Боиси шодмонӣ аст, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ роҷеъ ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нуфузи байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам боло мебардорад.

    Наврӯз, пеш аз ҳама ҷашни кормандони кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Зеро саъю талоши кормандони мақомоти мо ба он равона гардидааст, ки ҳар як фасли Ватани азизамон зебову гуворо, тозаю озода ва барои зиндагии мардум бехатару дилхоҳ бошад.

    Бо истифода аз ин лаҳзаи фараҳбахш, мехоҳам, ҳамаи Шумоёнро ҳамкорони гиромӣ, бори дигар ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда, бароятон пеш аз ҳама сулҳу оромӣ, ободии хонадон, хушиҳои рӯзгор ва амалӣ гаштани ниятҳои некро таманно менамоям.

             Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!