Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ”
Санаи 16 марти соли ҷорӣ тибқи нақша – чорабиниҳои Кумита ҷиҳати эълон гаштани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо мақсади иҷрои нуктаҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба амалигардонии принсипҳои “иқтисоди сабз” ва ташвиқу тарғиби ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин оид ба сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи захираҳои обӣ бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумита дар ҳамкорӣ бо МД Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар толори факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки устодону шогирдони факултетҳои биология, журналистика ва иқтисодиёт семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ҳамзамон дар чорабинӣ ба сифати меҳмон ҷонишини директори Осорхона – мамнуъгоҳи ба номи В.Д. Поленоваи ФР, номзади илмҳои иқтисодӣ Грушевский Дмитрий Валериевич ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Аз ҷониби кормандони МД Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда намоиши суратҳои пиряхҳое, ки дар қаламрави Парки миллӣ ва дигар ҳудудҳои муҳофизатшаванда ҷойгиранд, ташкил карда шуд.
Пас аз сухани ифтитоҳии декани факултети журналистика, сармутахассиси МД Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист Файзулоев Саидаҳмад дар мавзуи “Парки миллии Тоҷикистон – макони пиряхҳои бузург ва обҳои зулоли минтақаи Осиёи Марказӣ маърӯза намуд. Баъд аз анҷоми семинар иштирокчиён аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ гардидааст, боздид ба амал оварданд.