Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 712
    17.03.2023
    Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Аксияи “Тозагии соҳил 2023” дар Резервати биосферии Ромит              

    Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва боз ҳам зебову тоза нигоҳ доштани муҳити зист 17 марти соли 2023 дар Резервати биосферии Ромит аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

    Дар аксияи мазкур кормандони резерват фаъолона иштирок намуда, ду соҳили дарёро аз ҳама гуна партовҳо тоза намуда, ба партовгоҳи расмӣ интиқол доданд. Зикр карда шуд, ки тозагии муҳити зист вазифаи доимии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад ва боиси ҷалби сайёҳон мегардад, ки муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон мебошад.

    IMG_20230317_121430.jpg IMG_20230317_121551.jpg