Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 671
    13.03.2023
    14 марти соли ҷорӣ дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид...

    Мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо” дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон           

                                                                    

    Бадахшо.jpg

    14 марти соли ҷорӣ дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Сарраёсат, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ, муалимони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ, ноҳияи  Шуғнон, Рӯшон ва толибилмони шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар кормандони Сарраёсат ва муалимони муассисаҳои таълимӣ оиди ҳифзи пиряхҳо, роҳ надодан ба ифлосшави ҳавои атмосфера, кам намудани партовҳо ба ҳаво ва доир ба гузаронидани чорабиниҳои экологӣ баромад намуданд.

    Инчунин, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тағирёбии иқлим”, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд, дар мизи мудаввар бо мукофотҳо тақдим карда шудаанд.