Иштироки эковолонтёрон дар ҳашари умумишаҳрӣ
Рӯзи 11 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи И. Сомонии пойтахт аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки иқдоми мазкур ба ифтихори ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва Рӯзи байналмилалии захираҳои обӣ бахшида шуда, донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштирокашон дар сабзгардонии шаҳри Душанбе ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ҷалби донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳҳои дигари пойтахт дар чорабиниҳои муҳитзистӣ аз тарафи Маркази Орхус дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе дар назар дошта шудааст.