Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 683
    Бо ибтикороти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ташаббуси...

                     Ниҳолшинонӣ дар боғи Ғалаба            

    Бо ибтикороти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба шаҳри “сабз” табдил додани шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди талу теппаҳо ва боғҳои фароғатӣ ба миқдори 6715 бех ниҳолҳои ороишии навъи санавбар (сосна) шинонида шуд.

    Бо инобати таъмини сарсабзии талу теппаҳои ҳудуди “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” тибқи нақшаи тасдиқкардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинонидани 4715 бех ниҳол аз ҷониби  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

    Тибқи мувофиқати роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғо Хон оид ба макони зист бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва кормандони агентии болозикр дар қитъаи муайяннамудаи ҳудуди “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои ороишӣ бо риояи талаботҳои агротехникӣ шинонида шуд.

    Ёдовар мешавем, ки пешниҳоди Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба шаҳри “сабз” табдил додани Душанбешаҳр нахуст аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пуштибонӣ пайдо карда, то имрӯз ташкилотҳои зиёда дар сарсабзии пойтахт саҳм гузошта истодаанд.

    Таъкид менамоем, ки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равнақи корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ниҳолшинонию хуррамгардонӣ дар пойтахт нақши мубориз гузошта, то анҷоми мавсими ниҳолшинонӣ  иқдомот дар ин самт идома меёбад. 

    IMG_20230311_104220.jpg IMG_20230311_104754.jpg