Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 654
    14 март дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи байналмилалии дарёҳо, ки қаблан ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза...

    14 март- Рузи байналмилалии дарёҳо   

                                                                    


    14 март дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи байналмилалии дарёҳо, ки қаблан ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо сарбандҳо, барои дарёҳо, об ва ҳаёт маъруф буд, таҷлил мегардад ва бо ташаббуси созмони ҷамъиятии амрикоии International Rivers Network дар тақвими санаҳои экологӣ пайдо шудааст.

    Моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Куритибаи Бразилия Конфронси якуми байналмилалии зидди сохтмони сарбандҳои калон баргузор гардид, ки аз таъсиси ҷашни нав пуштибонӣ карда, тасмим гирифта шуд, ки «рӯзи мубориза бо сарбандҳо дар ҳифзи дарёҳо, об ва ҳаёт ҳар сол 14 март» ҷашн гирифта шавад, шиори он «Барои дарёҳо, об ва ҳаёт!» буд. Ҳадафи баргузории ҷашни Рӯзи байналмилалии дарёҳо ин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи дарёву кӯлҳои имрӯза мебошад.

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии дарёҳо бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, дар ҳавзаҳои дарёҳои Ширкент ва Хонақоҳ, аксияи “Тозагии соҳил”-ро баргузор намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва огоҳонии аҳолӣ оид ба ҳифзи манбаъҳои обӣ мусоидат менамояд.