Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 586
    10.03.2023
    Тибқи барқияномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мактуби...

    Чорабиниҳои пешгирии амалҳои характери коррупсионӣ дошта дар фаъолияти кормандони мақомоти хифзи муҳити зист дар вилояти Суғд   

                                                                    

    Коррупция 1.jpg

    Тибқи барқияномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат бо коррупсия бо иштироки доираи васеи кормандон дар семоҳаи аввал, санаи 10 марти соли ҷорӣ дар толори сарраёсат вохӯрии сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода бо кормандони сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намоянда Каримӣ Ҳ.Ҳ. дар бораи мафҳуми Барномаҳои давлатии зидди коррупсионӣ фаҳмонида дода шуд. Аз он ҷумла, дар бораи таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», марҳилаи якум то соли 2025 ва дуюм солҳои 2026 - 2030,  самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд карда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

    Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.