Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 650
    09.03.2023
    Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор...

    Конфронси омӯзишӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»          

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» санаи 9 марти соли 2023 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тадбирҳои афзалиятноки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахши оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси омӯзишӣ баргузор карда шуд.

    Конфронси мазкур бо дастгирии лоиҳаи БРСММ/ ФИС “Раванди тамондсозии самарабахши Нақшаи миллии мутобиқшавӣ дар Тоҷикистон” – и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон доир карда шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат намуданд.

    Дар чорабинӣ мутахассисону коршиносони соҳа доир ба масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ, омӯзиши пиряхҳо, хизматрасонӣ дар самти истифодаи об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об баромадҳо намуда, муҳокимаҳо сурат гирифтанд.

    Қайд гардид, ки ташаббусҳои пай дар пайи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намуда, сиёсати ташкилотҳои байналмилалиро барои дарёфти ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи глобалӣ моил намуд.

    Дар чорабинии зикршуда муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Элиза Калкатера иштирок намуда, аз ҳамкориҳои миёни БРСММ дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам тақвият бахшида мешавад.

    IMG_3155.jpg IMG_3161.jpg IMG_3152.jpg