Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 490
    07.03.2023
    Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар чорабинӣ доир гашт...

    Саҳми модарон дар солимгардонии муҳити зист

                                                                    

    IMG_20230307_092053.jpg

    Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар чорабинӣ доир гашт.

    Дар оғоз, Лоиқ Раҳмонзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бонувон ва модаронро ба Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, афзуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати зан - модар дар ҷомеа баланд гардида, дар айни ҳол бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда муваффақона фаъолият доранд.

    Баъдан, Ато Ёдгорзода, раиси Иттифоқи касабаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон дар баробари мардон дар соҳаҳои мухталиф фаъолият намуда, дар ободонию пешрафти иқтисоди мамлакат нақши арзанда доранд.

    Бо инобати пешрафти муваффақонаи фаъолияти модарон мушоҳида мегардад, ки занону бонувон дар шаклгирии давлати миллӣ ва боло бурдани иқтисоди миллӣ ҳиссагузорӣ намуда, барои таълиму тарбияи насли давронсози замони истиқлол нақши ҳалкунанда мебозанд.

    Воқеан, модарону бонувон дар баробари иҷрои асолати бунёдиашон ҳамзамон, дар татбиқи барномаҳои муҳити зист, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ нақши бориз гузошта, пешрафт ва таъмини озодагиву маърифатнокии муҳит аз тафаккур ва завқи баланди онҳо вобастагӣ дорад,- хулоса намуд, А.Ёдгорзода.

     Дар асоси дастури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувон ва модароне, ки дар Сарраёсат фаъолият менамоянд, дар вазъияти тантанавӣ бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.