Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 724
    09.03.2023
    9 марти соли 2023 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и Душанбе мизи мудаввар оид ба «Тақвияти чорабиниҳои соҳавӣ вобаста...

    Мизи мудаввар оид ба «Тақвияти чорабиниҳои соҳавӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим бо мақсади татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда»        

    9 марти соли 2023 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и Душанбе мизи мудаввар оид ба «Тақвияти чорабиниҳои соҳавӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим бо мақсади татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда» баргузор гардид.

    Ҳадафи асосии чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) иқдом гирифта шуд, муаррифии нақшаи татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда бо як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои донорӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошад.

    Баргузории чорабиниҳои масъалаҳои мавриди назар дар муайян намудани шарикони калидӣ барои амалигардонии нақшаи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, об, саноат, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар бахшҳо кумак менамояд.

    Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 ба шарикии саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ҳамроҳ гардидааст. Бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо такмил дода, онро ба Котиботи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуд, ки дар он амалҳои қатъӣ дар самти мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ҷиҳати таъмини рушди устувор ва муассир, ҳалли мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дарҷ ёфтаанд.

    Ҳуҷҷати мазкур тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2030 амалӣ мегарданд.

    DSC_0238.jpg DSC_0241.jpg DSC_0242.jpg  DSC_0244.jpg