Ҷамъомади идона, бахшида ба Рӯзи Модар
7 марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона, бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Ҷамъомади идонаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.
Ҳамзамон, раиси шӯрои занони Кумита Муқумова Мадина, инчунин алоҳида кормандони сохторҳои соҳавӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, занону бонуворо ба рӯзи идашон табрику шодбош гуфтанд.
Дар ҷамъомад сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Салимзода Шамулло фармоиши раиси Кумитаро ҷиҳати ҳавасмандгардонии бонувон қироат намуда, ба кормандзанони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва собиқадорони соҳаи мазкур дар фазои тантанавӣ дастагулҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Зимни суханони табрикотӣ баромадкунандагон аз шуҷоату иродаи қавӣ доштан ва масъулияти баланди занон дар фаъолияти соҳавӣ ба ифтихор ёдовар шуда, қайд карданд, ки саҳми занон дар рушду такомули давлатсозӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон ниҳоят калон аст.
Роҳбарияти Кумита бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвият бахшидани шумораи кормандон аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, ки дар натиҷа сафи занон дар сохторҳои гуногуни мақомоти ҳифзи муҳити зист сол аз сол зиёд гардида истодааст.