Аксияҳои экологӣ дар шаҳри Душанбе
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори муассисаҳои тандурӯстӣ, донишгоҳҳои олӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аксияҳои экологии “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал”-ро роҳандозӣ намуд.
Дар ҷараёни аксия, ки дар канали шафати хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, дар масофаи 150 метри тӯлонӣ каналро тоза намуданд, дар ҳаҷми 10 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳ бароварда шуданд.
Дар ин мавсим, бо иштироки фаъолонаи ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ 32 аксия баргузор гашта, дар маҷмуъ 585 нафар иштирокчиён дар масофаи 3500 м3 гирду атрофи биноҳои истиқоматиро тоза намуда, 560 метр ҳудуди канали Чортут аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.
Гузашта аз ин, дар соҳили дарёи Душанбе, ҳудуди маҳаллаҳои Дарвоз, Ҳосилот, Гулбутта, Яккачинор ва шаҳраки 23 аксияи “Тозагии соҳил” роҳандозӣ гардида, дар масофаи 187 метр каналу дарё аз партовҳо тоза карда шуда, дар ҳаҷми 8 м3 ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуданд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тозагии муҳити зист, равнақи корҳои ободонӣ, созандагӣ ва иҷрои босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро андешида истодааст.