Равнақи корҳо бахшида Иди баҳору наврӯз
Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати мақсаднок истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ мутобиқ ба қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе гармхона ва иншооти ёрирасони КВД ТИИ “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе ба Раёсатҳои истифодабари роҳҳои ноҳияҳои Сино дар масоҳати 5880 метри мураббаъ, Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 5440 метри мураббаъ, Фирдавсӣ дар масоҳати 4320 метри мураббаъ ва Шоҳмансур дар масоҳати 2592 метри мураббаъ барои истифода дода шуд.
Бо инобати таъмини гулгашту хиёбон ва кӯчаву боғҳо бо гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола аз тарафи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои мазкур дар гармхонаҳо гулҳои мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда шуда, дар мавсими ниҳолшинони тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар мавзеъҳои муайяншуда мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ шинонида мешавад.
Вобаста ба истифодаи босамари заминҳо дар КВД ТИИ “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз 3 қитъа ва дар масоҳати умумии 153, 92 га иборат аст, кишти тухмӣ ва парвариши гулҳои мавсимию бисёрсола, ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва қаламчаи гулҳои бисёрсола тибқи талаботҳои агротехникӣ ва зери назари мутахассисон ба роҳ монда шудааст.
Дар айни замон дар парваришгоҳҳои минтақаҳои мазкур дар палҳо 5400 дона ва дар заминҳои барои парвариш муайяншуда 7900 бех ниҳолҳои дарахтони можжевелник, санавбар, каштан, кипариси пирамидали, хуч, корнус, жимолост, акатсия, туя, қарағоҷ, буттаҳои суриягӣ ва гулҳои садбарг парвариш ёфта истодааст.
КВД ТИИ “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори Иди баҳору наврӯз дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ гулҳои мавсимию бисёрсола ва дарахтони ороишию сояафканро шинонида, дар амалишавии барномаи ба шаҳри “сабз” табдил додани шаҳри Душанбе ҳиссагузорӣ намояд.