Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 451
    20.02.2023
    20 феврали соли ҷорӣ шунавандагони курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру...

    Шиносоӣ аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”

    20 феврали соли ҷорӣ шунавандагони курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ ва таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти ташкилоти мазкур боздид намуданд.

    Мояи ифтихор аст, ки дар кулли дастовардҳо, самту бахшҳои гуногун ва муҳимми давлатдорӣ саҳми ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе арзишманд арзёбӣ мешавад. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ба роҳ монда, пайваста баҳри он талош мекунанд, ки дар тарғиби дастовардҳои истиқлол ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд.

    IMG_2608.jpg IMG_2610.jpg IMG_2617.jpg  IMG_2628.jpg