Кӯмаки моддӣ бахшида ба 30 солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷашни сиюмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷашни оддию муқаррарӣ нест, балки рӯзи ифтихору шукрона аз давлати миллию Артиши он мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир 23 феврали соли равон бахшида ба 30 солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афсарону сарбозони ҚС КДАМ ҶТ 1204 ва қисми ҳарбии 15426 Вазорати Мудофиаи ноҳияи Мурғоб кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Ин гуна кӯмакҳо аз ҷониби Кумита дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо ба афсарону сарбозон ва табақаҳои ниёзмандон расонида мешавад.