Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 568
    24.02.2023
    Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳои Кумита вобаста ба “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Мизи мудаввар дар МДТ “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд”

                                                                    

    изображение_viber_2023-01-27_17-04-26-166.jpg

    Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳои Кумита вобаста ба “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” (барои давраи солҳои 2023-2025), гузаронидани вохӯриҳои тарғиботӣ ва иҷрои нақшаи корӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд” мизи мудаввар доир гардид.

    Дар он кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни литсей иштирок доштанд. Аз ҷониби кормандони шуъба зикр гардид, ки бо мақсади рушди “иқтисоди сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад.

    Ҳамчунин, доир ба эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он ва саҳми донишҷӯён дар баланд бардоштани маърифати экологӣ баромад намуданд.