Корҳои ободонӣ ва тозагӣ дар шаҳри Хоруғ
25 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони идораву муассисаҳо ва ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии баргузории ҳашар аз барфу партовҳои маишӣ тоза намудани ҷӯйборҳои қад-қади роҳ ва гирду атрофи муассисаҳо, корхонаҳо ва кӯчаҳои маҳаллаҳои алоҳидаи шаҳр мебошад. Дар ҳашар зиёда 600 нафар иштирок намуда, ба миқдори 170 м3 барфу яхпораҳо ва партовҳои маишӣ ба воситаи техникаи махсуси боркаш ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.
Баргузории чунин ҳашарҳо идома дошта, ҳар ҳафта рузҳои шанбе баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, созандагӣ идома ёфта тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешшавад.