Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо”
Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ аҳолӣ, ичунин дар амалӣ татбиқ гардидани нақша-чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалӣ амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо” конфронси илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар раванди чорабинӣ аз тарафи хонандагони муассиса оиди тоза нигоҳ доштани об аз ифлосиҳо шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳо оиди мавзуи болозикр пешниҳод гардид.
Дар қисмати поёни конфронс ба иштирокчиён буклетҳо тақдим карда шуда, омӯзгорон ва хонандагони фаъол бо Ифтихорномаи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.