Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷайҳун
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ ташкил карда шуда, дар он масъулин ва кормандони тамоми ташкилоту идорахои ноҳия фаъолона ширкат намуданд.
Тавре масъулини бахши ҳифзи муҳити зист иброз доштанд, имсол дар ноҳия шинонидани беш аз 34 ҳазор бех ниҳолони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ ва даҳҳо ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла садбарг ва лола ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин баробар ҳар ҳафта рузҳои истироҳатӣ сокинон ва кормандони касбу кори гуногун дар ҳашарҳои оммавӣ фаъолона ширкат намуда, тавассути шинонидани ниҳолони сояафкану ҳамешасаб ва гулу буттаҳои ороишӣ дар солимгардонии муҳити зист саҳми арзандаи худро мегузоранд.