Кӯмак ба қисми ҳарбӣ
23-феврали соли ҷорӣ 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат қайд карда шуд. Зеро дар замони истиқлолият бо фармони раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис ёфт ва дар муддати 30-соли фаъолият барои ҳифзи марзу буми кишвар хизматҳои шоиста анҷом дод.
Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба таҷлили 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ба полки фаврии таъиноти махсуси 3502, қушунҳои дохилаи ВКД ҶТ маводҳои озӯқаворӣ аз қабили гӯшт, равған, макарон, биринҷ ва шириниҳо дастрас карда шуд.