Мубориза алайҳи касалиҳои занбуруғӣ
Дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе” ба миқдори 193499 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва ниҳолҳои буттагӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт шинонида мешавад.
м Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳалла, гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии ноҳияи мазкур дар мавсими кабудизоркунии имсола ба миқдори 45360 бех ниҳол, аз ҷумла 10500 бех сояафкан, 21390 бех ороишӣ, 5570 бех буттагӣ ва 7900 бех мевадиҳанда шинонида хоҳад шуд.
Дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ бошад, то имрӯз ба миқдори 24983 бех ниҳол шинонида шудааст.
Бо мақсади дар ҳолати сарсабз нигоҳ доштани навниҳолон, сари вақт обёрии дарахтон ва эмин мондани дарахтон аз касалиҳои занбурӯғӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ навниҳолони кӯчаи Соҳилии ноҳия аз ҷониби ширкати “Фавз” коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Барои ҳифзи дарахтон аз касалиҳои занбурӯғӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати дезинфексионии “Фавз” дар дигар минтақа ва гулгашту хиёбонҳои ҳудуди ноҳия гузаронидани коркарди кимиявии дарахтон идома дорад.