Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 666
    21.02.2023
    Рузи 21 феврали соли 2023 дар ш. Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Семинари миллӣ дар мавзуи “Равандҳо ва тамоюлҳои ҳифзи гуногунии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ш.Душанбе баргузор гардид

                                                                    

    870890.jpg

    Рузи 21 феврали соли 2023 дар ш. Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказҳои зерсохтори он семинари илмӣ дар мавзуи “Равандҳо ва тамоюлҳои ҳифзи гуногунии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки 35 нафар мутахассисон, олимон ва коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ доир карда шуд.

    Семинаро бо суханони ифтитоҳӣ директори Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумита Шерматов Х. кушода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов А. доир ба дастовардҳо, афзалиятҳо ва мушкилотҳо дар самти ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард.

    Аз рӯи барномаи семинар аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикӣ, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи глобалии ҳифзи гуногунии биологии Конвенсияи СММ то соли 2030, Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амал оид ба ҳифзу истифодаи оқилонаи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 рӯнамоҳо ва маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.

    Дар рафти муҳокимаҳо иштирокдорони семинар доир ба ҷанбаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, масъалаҳои бехатарии биологӣ ва ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвонот пешниҳоду таклифҳо намуданд.

    Дар фарҷоми семинар қатънома доир ба масъалаҳои баррасигардида якдилона қабул карда шуд.