Омодагӣ ба баҳору Наврӯз дар вилояти Хатлон
Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ба самти кабудизоркуниву солимгардониии муҳити зист таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, сарсабзиву хуррамии гулгашту, хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва назди биноҳои маъмуриву хизматарасонӣ ба зебогии шаҳри мазкур таровати тоза зам менамояд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист, имсол дар ҳудуди шаҳри Бохтар шинонидани зиёда аз 14 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни сояафкану ҳамешасабз ва миқдори зиёди гулҳои гуногуни ороишӣ дар назар дошта шудааст, ки тавассути баргузор намудани ҳашарҳои оммавӣ ин тадбир вусъат дода мешавад.
Чунин як иқдоми кабудизоркунӣ дар майдони 70 солагии Водии Вахш роҳандозӣ карда шуд, ки дар он сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат намуда, дар анҷоми корҳои ниҳолшинониву солимгардонии муҳити атроф саҳм гузоштанд.
Тозагӣ, ва беҳдошти ҳифзи муҳити зист дар ҳар як шаҳру ноҳия аз масъулият ва маърифати экологии сокинонаш вобастагии амиқ дорад.Тавре масъулин иброз доштанд дар мавсими кабудизоркунӣ мутахассисони соҳа ба иштирокчиёни ҳашҳарҳои оммавӣ барои риояи қоидаҳои дурусти ниҳолшинонӣ кӯмак мерасонанд.
Барои сари вақт таъмин намудани нақшаи ниҳолшиинонӣ, шароити мусоид фароҳам буда, дар кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои истироҳатии шаҳр аз ҷониби масъулини соҳа дар чор фасли сол гулҳои ороишӣ парвариш карда шуда, зебогии маркази вилоятро таъмин менамоянд.
Ҳамин гуна иқдомҳои кабудизоркуниву беҳдоштии ҳифзи муҳити зист дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар гузаронида мешавад.