Натиҷагирӣ аз фаъолият дар моҳи январ
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти соҳаро дар моҳи январи соли равон доир намуд.
Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе қайд намуд, ки натиҷаҳои фаъолияти Раёсати назорати давлатии экологӣ, мониторинг ва истифодаи табиати Сарраёсат ва шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо дар давоми моҳи январ нишон дод, ки дар ин давра барои вайрон намудани талаботҳои қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист нисбати 196 нафар протокол тартиб дода шуда, дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳр 5 адад зарар ошкор гардид.
Вобаста ба иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани аксияҳои экологӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 3 маротиба баргузор намуда, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуданд. Инчунин, дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” ба миқдори 4715 адад ва дар талу теппаҳои маҳаллаи Лучоб ба миқдори 600 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.
Бо инобати тарғиби донишҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои 23, 24, 64, 65-и ноҳияи Фирдавсӣ, бо сокинони кӯчаҳои Пушкин, Бохтар ва Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сокинони маҳаллаҳои Шоҳмансур, Дӯстии халқҳо, Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ва дар маҳаллаҳои Зарафшон, Ободкорон, Испечак ва Дӯстии ноҳияи Сино сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.
Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе баҳри ноил гардидан ба пешрафтҳои соҳа, сари вақт расидагӣ кардан ба мушкилотҳои мавҷуда, сардорони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансурро вазифадор намуд, ки назорати давлатиро дар минтақаҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати ба таври таъҷилӣ бартараф намудани мушкилиҳои ошкоршуда махсусан таъмини тозагию сарсабзии шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои мушаххас андешанд.