Мизи мудаввар дар шаҳри Ваҳдат
Доир ба эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи сайёҳӣ ва хидмати шаҳри Ваҳдат дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ роҳбари муассиса сухани ифтитоиро оғоз намуда, баъдан суханро ба сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур дод. Зикр карда шуд, ки тибқи моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаи ҳар як фарди тоҷикистони мебошад.
Дар чорабинии мазкур омӯзгорону донишҷӯён оид ба пиряхи Федченко ва ҳифзи муҳити зист баромад намуданд. Дар рафти баромадҳо миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, маълумотҳои зарурӣ оид ба пиряхҳо ва ҳифзи он дода шуд.