Баргузории Конференсияи омӯзишӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Фархор
10-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 конференсияи омӯзишӣ – маърифатӣ бахшида ба ифтихори ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарони муассисаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинии мазкур мушовири раиси ноҳия, Мудири бахши иқтисод ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Мудири шуъбаи маориф ва мушовири география ва экологияи шуъбаи маориф баромад намуданд.