Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 576
    11.02.2023
    Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Носири Хусрав дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи ВКД...

    Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Н. Хусрав

    Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Носири Хусрав дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи феврали соли равон рейдҳои муштарак дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ гузаронида шуд.

    Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ 3 нафар сокинони ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Яккадин, деҳаи Балхӣ Жаникулзода Бехруз Жоникул бо ду нафари дигар дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт гардиданд.

    Боиси қайд аст, ки 50 сар намудҳои моҳии мормоҳӣ ва 7 сар моҳии сазан, дар маҷмӯъ 57 сар моҳии ғайриқонуни сайдшуда ошкор гардидааст. Нисбати нафарони дастгиршуда бо дастрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.