Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»
15 феврали соли равон дар бинои дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
4 масъала ба рӯзномаи маҷлиси умумии ташкилоти ҳизбии мазкур ворид гашта, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.
Тибқи регламенти муқарраргардида оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Саидов С., муовини раиси ташкилоти мазкур ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зистро дар соли 2022 ироа намуд ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилоти мазкурро пешниҳод кард.
Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар бораи шарҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис нақшаи кори ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” барои соли 2023 муҳокима ва тасдиқ шуд.
Аз рӯи масъалаи 4-уми рӯзномаи маҷлис нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи шуд.
Бо назардошти баромадҳо ва таклифу пешниҳодҳои додашуда аз рӯи масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи маҷлис қарорҳо қабул карда шуда, мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд.