Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 533
    10.02.2023
    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ ва беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳои...

    Амалҳои беҳтар намудани вазъи муомилот бо партовҳо

                                                                         

    IMG_5553.jpg

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ ва беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳои вилоят, пайваста баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад нақлиёти боркашони тамғаи «Портер» аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд харидорӣ гардид.

    Аз ҷониби сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо иштироки намояндагон як ададӣ нақлиёти мазкур ба Корхонаҳои давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Зафаробод супорида шуд.

    Боз як адад нақлиёт ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Муассисаи давлатии минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда равона гардид.