Семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Ба меъёрдарории сифати ҳифзи муҳити зист»
9 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Ба меъёрдарории сифати ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Семинари бозомӯзиро муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев оғоз бахшида, чорабинии мазкурро дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили маълумотнокии ба хусус ҷавонон маънидод намуд.
Сипас, аз ҷониби Сардори Маркази стандарткунонӣ, методология ва меъёрҳои экологии Кумит Абдураҳимов Б. мавзуи болозикр ба тариқи рӯйнамо муфассал шарҳу маънидод карда шуд.
Дар қисмати дигари семинари бозомӯзӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мавриди назар аз ҷониби баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.